
БАТР ва ташкилотҳои кӯмакрасон истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзиро тавассути маблағгузорӣ ва таҷрибаву малакаҳои пешқадам дастгирӣ мекунанд
Ҷашни Наврӯз айёми таҷлили соли нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тарҷумаи таҳтуллафзи он “рӯзи нав” буда, ин ид дар тамоми кишвар давоми якчанд рӯз ҷашн гирифта мешавад, ки онро бо тамоми зебогӣ ва шукӯҳу шаҳомати рангорангаш муаррифӣ мекунад.
Айёми баҳор барои кишоварзон ба мисли Буров Абдуҷабор, ки дар ноҳияи Ваҳдат хоҷагии деҳқонии хурди оилавӣ дорад, айёми серкорӣ аст. Он ба мавсими киштукори онҳо рост меояд. “Мо пеш аз ин тамоми корҳоро дастӣ иҷро мекардем,” мегӯяд ӯ. “Баъд трактор харидем. Ҳоло мо се трактор дорем ва ин кори моро дар ҳақиқат осон кард.”
Ӯ техникаи кишоварзии худро аз ширкати Агротехсервис, ки як корхонаи тиҷоратии хурд буда, аз БАТР ба маблағи як миллион доллари амрикоӣ қарз гирифта, инчунин аз машваратҳои муфиди Бонки мазкур оид ба низоми муҳосибот баҳра бурд, харид. Лоиҳаи мазкур ба шарофати кӯмаки молиявии Бунёди Бонк оид ба рушди тиҷорати хурд, ки бо саҳми кишварҳои ба монанди Италия, Ҷопон, Корея, Люксембург, Шветсия, Шветсария, Тайпейи Чин ва ИМА амалӣ мегардад, имконпазир гардид.
Ҷойҳои кор дар маҳал, имкониятҳо дар сатҳи байналмиллалӣ
Ба монанди Буров Директори кулли ширкати “Агротехсервис” Ҷалолидин Нуралиев низ дар дил нақшаҳои бузург дошт.
“Мо ҳамеша мехостем тиҷорати худро оид ба истеҳсоли техникаи кишоварзӣ ва таъмини кишоварзон дар Тоҷикистон ва берун аз он рушд диҳем,” зикр намуд ӯ. “Сармоягузорӣ дар ҳақиқат ба мо имкон дод, ки дар фаъолияти худ дигаргуниҳои куллӣ ҷорӣ созем. Билохир мо тавонистем ин орзуи худро амалӣ созем.”
Истеҳсолот ва намоишгоҳ дар ноҳияи Ҳисор - макони таърихии воқеъ дар масофаи 45км дуртар аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Муваффақияти ширкате ба монанди Агротехсервис ба аҳолии маҳаллӣ таъсири бевоситаи мусбӣ дорад, зеро он барои эъҷоди ҷойҳои холии корӣ имкониятҳои нав пеш меорад.
Барои сарҷамъ намудани трактор аз аввал то охир мутахассисони дорои тахассусҳои гуногун лозим мешаванд. Дар охири ҷараён тракторҳои нав аввал дар дохили корхона, сипас дар таваққуфгоҳ барои суръат ва гардиши давравӣ бо радиуси хурдтарин санҷида мешаванд.
Ҳасан Бобоев электрик мебошад, ки 16 сол муқаддам пас аз он, ки корхона ба фаъолият шурӯъ кард, ба кор даромад. Бино ба гуфтаи ӯ аз он замон то имрӯз тағъиротҳои бузург рух дод: “Аввал дар корхона 10 нафар корманд кор мекард, холо бошад шумораи онҳо наздик ба 60 нафар расид. Мо таҷҳизоти кишоварзиро аз берун ворид менамудем. Дар давоми ду соли охир мо сарҷамъсозии онро дар Ҳисор оғоз намудем.”
Кор дар Тоҷикистон хуб пеш рафта истодааст ва ширкати “Агротехсервис” содироти тракторҳоро ба хориҷи кишвар, масалан ба ҳамсоякишвари Афғонистон рӯз аз рӯз зиёд намуда истодааст.
Watch how we worked with Agrotechservice, a farming equipment producer, to expand the company’s activities in the country and beyond.
Ба роҳ мондани иқтисоди қавӣ
“Дастгирии рушди корхонаҳои хурд яке аз афзалиятҳои асосии мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”, мегӯяд Роҳбари Намояндагии БАТР дар Точикистон, хонум Айтен Рустамова. “Дастаи кормандони мо ҷиҳати омодасозии ширкати “Агротехсервис” барои гирифтани қарз, аз ҷумла тавассути пешниҳоди дастгирии машваратӣ дар доираи Барномаи мо оид ба такмили низоми муҳосибӣ бо мақсади ҷавобгӯй гардидани ширкат ба стандартҳои байналмиллалии ҳисоботи молиявӣ заҳматҳои зиёд ба харҷ доданд. Мо инчунин ба ширкат кӯмаки ҳуқуқӣ расонидем.”
“Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии фаъолият ва шуғл дар кишвар буда, ин як мисоли равшани он аст, ки чи гуна БАТР ба ширкатҳои ояндадор барои вусъатёбӣ ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад кӯмак расонад,” илова намуд ӯ.
“Такягоҳ ва бахши калонтарини таъминкунандаи ҷойҳои корӣ дар Швейтсария чун анъана на ширкатҳои ҷаҳониву соҳаи бонкӣ, балки соҳибкорони хурду миёна мебошанд,” таъкид намуд Муовиини Роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Корин Деманж.
“СХМ-ҳо арзиши иловагиро эъҷод намуда, дар аксари ҳолатҳо моделҳои навоваронаи соҳибкориро амалӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳот ва ташаббусҳои мушаххасро оид ба тақвияти табодули дониш ва дастрасии СХМ-ҳо ба захираҳои молиявӣ ва бозорҳо дастгирӣ менамояд. Ширкати “Агротехсервис” намунаи барҷастаи соҳибкорони тоҷик мебошад, ки аз воридот ба истеҳсолоти маҳаллӣ гузаштанд. Тавассути пайдо намудани имконияти истеҳсол барои бозори маҳаллӣ ва инчунин содироти маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, ширкатҳои ба монанди Агротехсервис дар кишвар барои мутахассисони дорои малакаҳои зарурӣ ҷойҳои корӣ эъҷод мекунанд, ки имрӯзҳо ба ин ниёзи калон вуҷуд дорад.”
Сатҳи беҳтари зиндагӣ
Буров кӯшиш дорад, ки бештари вақти худро дар саҳро гузаронад. Бино ба гуфтааш, ӯ дар минтақае як вагоне дорад, ки дар мавсими серкорӣ онро ҳамчун хонаи дуюми худ истифода мебарад.
Дар тӯли солҳои охир фаъолияти кишоварзии ӯ ба маротиб вусъат ёфт. Ӯ тавонист, ки қитъаҳои бештари заминро харидорӣ намуда, кормандони иловагиро бо шуғл таъмин намояд.
“Фаъолияти мо дар ин ҷо ба мо имкон медиҳад, ки худ маблағ ба даст орем. Ба шарофати таҷҳизоти нав ва заҳмати содиқона мо имкон дорем, ки зиндагии хуб ба сар барем.”