Round-the-clock water supply changes lives in Tursunzoda, Tajikistan

Обтаъминкунии шабонарӯзӣ зиндагиро дар ш. Турсунзодаи Тоҷикистон тағйир медиҳад

By Turarbek  Bekbolotov


In English 

БАТР ва ИА дар навсозии инфрасохтори фарсуда ба шаҳр кӯмак мерасонанд

Дастрасӣ ба оби тоза барои аксарияти сокинони Tоҷикистон кишваре, ки дар он аз сабаби маблағгузории нокифояи инфрасохтори ҷамъиятӣ ҳатто сокинони шаҳрҳо аз обтаъминкунии доимӣ маҳрум буданд, муддате чанд мушкилии ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Турсунзода, шаҳрест, ки дар масофаи 60 километри ғарби пойтахт шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва муддати тӯлонӣ яке аз он марказҳои аҳолинишин буд, ки дар таъмини аҳолии худ бо оби тоза бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуд.

Барои аҳолии маҳаллӣ ин маънои шароити душвори зиндагиро дошт. Як сокини шаҳри Турсунзода Нурихон Мирахоҷаеваи 65-сола дар ошёнаи аз ҳама болои бинои истиқоматии чорошёна, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст, зиндагӣ мекунад. Аз замони гирифтани манзили истиқоматии худ дар соли 1993, таъмини номунтазами об ба сифати зиндагии ӯ ва ҳамсоягонаш таъсир гузоштааст.

«Мо танҳо се-чор соат бегоҳ ё дар нисфи шаб об доштем», ба хотир меоварад Нурихон.

Баъдтар, обтаъминкунӣ то панҷ то ҳашт соат дар як рӯз зиёд шуд, аммо пур кардани ваннаи хона, тамоми сатилҳо ва зарфҳои пластикӣ бо об кори ҳаррӯзаи мо буд. Ҳар сари чанд вақт, бинобар фишори суст, об болотар аз ошёнаи якуми бинои Нурихон намебаромад.

Ҳолатҳое буданд, ки вай ноумед мешуд ва мехост ба ҳавлии маҳаллае кӯчад, ки дар он об ҳарчанд бо фосила, аммо бештар дастрас аст.

“Баъзе рӯзҳо ман ва писарам оби заруриро бо зарфҳо ва сатилҳо аз хонаи ҳамсояҳои ошёнаи аввал мекашонидем”, ба ёд меорад Нурихон.

Ӯ бояд обро сарфа мекард ва онро танҳо барои хӯрокпазӣ ва таъмини беҳдошти умумӣ истифода мебурд. Барои шустани либос маҷбур буд, ки як рӯз пеш обро захира кунад ё бо зарфҳо бештар об кашонад. Рӯзҳои истироҳат, дар якҷоягӣ бо оилаи писараш, ӯ ба хонаи волидонаш рафта, ҷомашӯӣ ва оббозӣ мекард ва набераҳояшро низ оббозӣ медоронд.

Аммо аз соли 2018, вақте ки дар натиҷаи татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ дар маркази Тоҷикистон бо дастгирии БАТР, Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва ҳукумати кишвар, инфрасохтори обтаъминкунии шаҳр беҳтар гардид, ҳаёти Нурихон ва аҳолии тамоми шаҳр ба таври назаррас тағйир ёфт.

Дар доираи ин лоиҳа, БАТР ва ИА барои навсозии шабакаҳои обтаъминкунии чаҳор шаҳр: Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Сомониён маблағ ҷудо карданд. Маблағгузории умумии 18 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки он 8.4 миллион доллари ИМА гранти Иттиҳоди Аврупо ва 7 миллион доллари ИМА дар шакли қарз ва 2.6 миллион доллари ИМА гранти БАТР-ро дар бар мегирад.

Дар ҳамаи чаҳор шаҳр ин маблағҳо барои сохтани обанборҳои нав ва иншооти обгир, таъмири шабакаҳои обрасонӣ, насб кардани ҳисобкунакҳои об ва хариди таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёти махсус барои нигоҳдории инфрасохтор истифода шуданд.

Дар Турсунзода иншооти нави обгир сохта шуд. Ин тоза кардани чоҳҳо, сохтани бино барои хлоркунии об ва истгоҳи обкашӣ, иваз кардани тамоми қубурҳо, обкашҳо ва маҷмӯи таҷҳизоти фарсуда, инчунин насб кардани зеристгоҳ бо трансформаторҳо барои таъмини барқ ва девор кардани иншоотро дар бар мегирад.

Ғайр аз он, дар доираи лоиҳа 28,2 км қубур иваз карда шуд, дар хонаводаҳо ва иншооти тиҷоратӣ зиёда аз 13600 ҳисобкунакҳои об насб гардид. Инчунин лоиҳа ба насби 218 сарпӯши чоҳ бо клапанҳои назоратӣ ва хариди таҷҳизот ва мошинҳои махсус барои нигоҳубини мунтазами шабакаи обтаъминкунӣ ва таъмири фаврии қубурҳо мусоидат намуд.

Маблағгузории ҳаётан зарурӣ таъминоти об ва фишори онро ба таври назаррас беҳтар намуда, хизматрасонии боэътимодро барои тамоми муштариён, аз ҷумла онҳое, ки дар манзилҳои бисёрошёна ба монанди Нурихон зиндагӣ мекунанд, таъмин намуд.

“Ҳоло мо 24 соат бо оби нӯшиданӣ таъминем. Мо таҷҳизоти обгармкуниро насб намудем ва метавонем ҳаррӯз оббозӣ кунем. Ва мо ниҳоят тавонистем мошини ҷомашӯӣ харем,” бо хурсандӣ мегӯяд Нурихон.

Аз соли 2004 инҷониб БАТР ва донорҳо, аз ҷумла ИА, Швейтсария ва ХГЭ, дар 11 лоиҳаи беҳсозии таъминоти об ва рафъи партовоб дар Тоҷикистон, ки 22 шаҳрро дар  саросари кишвар фаро мегиранд, маблағгузорӣ намуда, ки маблағи лоиҳаҳои мазкур беш аз 118 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 50 миллион доллари ИМА дар шакли қарз ва 68 миллион доллари ИМА дар шакли грант, ташкил медиҳад.

Ҳамаи ин лоиҳаҳо дар мубориза бо таъсири манфии пандемияи коронавирус  дар Тоҷикистон саҳм гузоштанд, зеро онҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба солимии аҳолӣ дар замоне, ки аҳолӣ ба об барои санитария ва беҳдошт беш аз пеш ниёз дорад, мусоидат намуданд.

“Дар моҳҳои охир ман худро бехатар ва хушбахт ҳис мекунам, зеро дар хона оби доимӣ дорам, яъне имконият дорем дастҳоямонро мувофиқи дастури кормандони соҳаи тандурустӣ зуд-зуд бишӯем”, - гуфт Нурихон.