БАТР

БАТР оғози бомуваффақияти Механизми маблағгузории мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро дар Тоҷикистон қайд мекунад

By Elena Akhmedova


Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҳама осебпазир ба тағйирёбии иқлим дар минтақаи фаъолияти БАТР маҳсуб меёбад

English Translation

Механизми CLIMADAPT барои таъмини самаранокии истифодаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ, идоракунии устувори захираҳои замин қарз пешниҳод мекунад.

3 феврали соли 2016 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), дар ҳамкорӣ бо Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (БПМТИ) Хазинаҳои сармоягузориҳои иқлимӣ чорабинии ифтитоҳи расмии CLIMADAPT – Механизми маблағгузории мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро дар Тоҷикистон гузаронид. Механизми CLIMADAPT ба дастгирии оилаҳои тоҷик, корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар паси сар намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дастгирии гузариши кишвар ба иқтисоди «сабз» равона шудааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҳама осебпазир ба тағйирёбии иқлим дар минтақаи фаъолияти БАТР маҳсуб меёбад. Кишвар ҷиҳати истифодаи об ва тавассути дороиҳои бузурги гидроэнергетикии худ ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ вобастагии аз боришот ва обшавии барф дар куҳҳои худ сахт дорад. Тағйироти пешбинишаванда дар ҳаҷми боришот ва маҷрои об аз ҳисоби обшавии барф метавонад ба ин ду захираи бузург таъсири назаррас расонад. Ғайр аз ин, тағйироти мазкур метавонанд ба баландшавии сатҳи эрозияи хок оварда расонад, ки дар натиҷаи он ҳолати замин, ки барои соҳаи кишоварзии кишвар ҳаётан муҳим мебошад, бад мегардад.

Механизми CLIMADAPT ба КХМ ва хонаводаҳо дар ҳаҷми то 10 миллион доллари ИМА тавассути ташкилотҳои маҳаллии ҳамшарики молиявӣ маблағгузорӣ пешниҳод мекунад. Маблағгузорӣ аз ҷониби БАТР ва Барномаи пилотии мутобиқшави ба тағйирёбии иқлим (БПМТИ) Хазинаҳои сармоягузориҳои иқлимӣ таъмин мегардад. Се ҳамшарики маҳаллӣ – Бонки Эсхата, ТҚХ Хумо ва ИМОН Интернешнл аллакай созишномаҳоро оид ба иштирок дар механизми CLIMADAPT ба имзо расониданд.

Ғайр аз ин, бо мақсади қабули технологияҳо ва таҷрибаҳое, ки дараҷаи эрозияи хок ва фишор ба захираҳои об ва энергетикиро паст мекунанд ва барои ташаккулдиҳии устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон муҳим мебошанд, машваратҳои техникӣ пешниҳод мегарданд. Маблағгузории ин чорабиниҳои ҳамкории техникӣ аз ҷониби Департаменти Британияи Кабир (DFID) оид ба рушди байналмилалии таъмин мегардад.

Мавзӯъҳои асосие, ки 3 феврал дар ш. Душанбе муҳокима шуданд, мушкилиҳои алоқаманд бо тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ва чӣ тавр механизми CLIMADAPT метавонад технологияҳои таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлимро аз ҷиҳати молиявӣ иҷрошаванда ва дастрас барои бахши хусусии Тоҷикистон гардонад, дарбар гирифта буданд.

Намояндаҳои БПМТИ, БАТР ва DFID ба ҳозирин роҳҳое, ки тавассути он механизм нақшаҳои васеътари Тоҷикистонро оид ба ташаккурдиҳии устуворӣ ба тағйирёбии иқлимро дасгирӣ мекунад, шарҳ доданд. Намояндагони се ташкилоти молиявии иштирокчӣ - Бонк Эсхата, ИМОН Интернешнл ва Хумо фикру андешаҳои худро оид ба дастгирии муштариёни худ ва тақсими захираҳои қарзии механизми CLIMADAPT иброз намуданд. Машваратчиёни техникӣ равишҳои технологии худро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳо баён намуданд.

Маросими ифтитоҳи механизм бо рӯйнамоии мисолҳое воқеӣ, яъне чӣ тавр технологияҳои таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим метавонанд дар ҳалли мушкилоти алоқаманд бо тағйирёбии иқлим кӯмак расонанд, ба анҷом расонида шуд. Обёрии қатрагӣ ва бештар самаранок рӯпуш намудани биноҳои истиқоматӣ ҳамчун мисол оварда шуданд.

Аз давраи оғози фаъолияти худ дар Тоҷикистон дар соли 1992, БАТР 564 миллион Евро тавассути амалисозии 97 лоиҳа дар кишвар сармоягузорӣ намуд.

Дар арафаи масъалаҳои Конфронси Париж оид ба иқлим COP21, ки соли гузашта баргузор гардид ва дар ҷавоб ба даъвати ҷомеаи байналмилалӣ ба бонкҳои бисёрҷонибаи рушд, БАТР Стратегияи навро дар самти тағйирёбии иқлим пешниҳод намуд. Стратегияи мазкур равона намудани 40 фоизи сармоягузориҳои солона ба маблағгузории лоиҳаҳои алоқаманд бо масоили тағйирёбии иқлимро то соли 2020 пешнбинӣ мекунад. Барои расидан ба ин мақсад, БАТР чорабиниҳои ҷории худро ҷиҳати қонеъ намудани талабот вусъат мебахшад ва чунин самтҳоро ба монанди маблағгузории чорабиниҳои мутобиқшавӣ ва таҳвили технологияҳои иноватсионӣ дар самти тағйирёбии иқлим ба он кишварҳое, ки дар он Бонк фаъолият мебарад, рушд медиҳад.